ТЕЪДОДИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА ДАР ТОҶИКИСТОН
Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 376 рӯзнома, аз ҷумла 112 33 давлатӣ ва 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз ҷумла 114 давлатӣ ва 131 ғайридавлатӣ, 317 матбаа, аз ҷумла 37 давлатӣ ва 280 ғайридавлатӣ, 45 нуқтаи фурӯши китоб, аз ҷумла 3 давлатӣ ва 42 ғайридавлатӣ, 71 нашриёт, аз ҷумла 10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ, оҷонсиҳои иттилоотӣ 10 адад, аз ҷумла 1 давлатӣ ва 9 ғайридавлатӣ дарВазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Соли 2018 бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ ҶДММ “Муҳаммад СУ”, маҷаллаҳои “Оптивик”, “Ранда” ва хабаргузории “Озодагон” аз фаъолият бозмонданд.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 33.
ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Айни замон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 3 намояндагӣ ва 6 қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият намуда, ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд.
Намояндагиҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ амал намуда, дар шаҳрҳои Исфара, Турсунзода, Кӯлоб ва ноҳияҳои Айнӣ, Рашт, Қубодииён қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколтадор оид ба ҳуқуқи инсон фаъол гардонида шудаанд.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 19.
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 2 сомонаи расмӣ: сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (www.ombudsman.tj) ва сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (www.vhk.tj) таъсис дода шудаанд, ки пайваста фаъол буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ маълумот пешниҳод менамоянд.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 34.
Соли 2018 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3522 адад (с.2017 – 3864) муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 857 адад хаттӣ ва 2665 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз ҷумла, 599 адад (с.2017 – 571 адад) дар Дастгоҳи марказӣ ва 2923 адади боқимонда (с.2017 – 3293 адад) дар намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шуданд.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.
Аз 571 адад муроҷиатҳое, ки дар Дастгоҳи марказӣ ба қайд гирифта шуданд, 225 адади онҳо (с.2017 – 252) хаттӣ ва 374 адад (с.2017 – 319) шифоҳӣ мебошанд.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.
Соли 2018 дар Дастгоҳи марказии мақомот 55 адад ё 9,1% (с.2017 – 60) муроҷиатҳо (аз ҷумла, 36 (с.2017 – 41) муроҷиати хаттӣ ва 19 (с.2017 – 19) муроҷиати шифоҳӣ) мусбат ҳал гардиданд.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.
Дар соли 2018 аз ҷониби намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 2923 адад (с.2017 – 3293) муроҷиатҳо ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ 632 адад (с. 2017 – 487) ва муроҷиатҳои шифоҳӣ 2291 адад (с.2017 – 2806)-ро ташкил медиҳанд
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.
Дар соли 2018 аз буҷети давлатӣ барои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1 601 135 сомонӣ ҷудо шудааст:
· барои Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – 1 514 795 сомонӣ;
· барои намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон – 86 540 сомонӣ.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.
Соли 2018 барои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 376 507 сомонӣ маблағҳои грантӣ ҷалб гардидааст.
Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.