Национальная ассоциация независимых СМИ Таджикистана
Открытые данные

ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Айни замон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 3 намояндагӣ ва 6 қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият намуда, ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд.

Намояндагиҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ амал намуда, дар шаҳрҳои Исфара, Турсунзода, Кӯлоб ва ноҳияҳои Айнӣ, Рашт, Қубодииён қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколтадор оид ба ҳуқуқи инсон фаъол гардонида шудаанд.

Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 19.

Дар маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 2 сомонаи расмї: сомонаи расмии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон (www.ombudsman.tj) ва сомонаи расмии Ваколатдор оид ба њуќуќи кўдак (www.vhk.tj) таъсис дода шудаанд, ки пайваста фаъол буда, бо забонњои тољикї ва русї маълумот пешнињод менамоянд.

Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 34.

Соли 2018 дар маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 3522 адад (с.2017 – 3864) мурољиат ба ќайд гирифта шудааст. Аз онњо 857 адад хаттї ва 2665 адад шифоњї мебошанд. Аз љумла, 599 адад (с.2017 – 571 адад) дар Дастгоњи марказї ва 2923 адади боќимонда (с.2017 – 3293 адад) дар намояндагињо ва ќабулгоњњои љамъиятии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба ќайд гирифта шуданд.

Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.

Аз 571 адад мурољиатњое, ки дар Дастгоњи марказї ба ќайд гирифта шуданд, 225 адади онњо (с.2017 – 252) хаттї ва 374 адад (с.2017 – 319) шифоњї мебошанд.

 Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.

Соли 2018 дар Дастгоњи марказии маќомот 55 адад ѐ 9,1% (с.2017 – 60) мурољиатњо (аз љумла, 36 (с.2017 – 41) мурољиати хаттї ва 19 (с.2017 – 19) мурољиати шифоњї) мусбат њал гардиданд.

Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.

Дар соли 2018 аз љониби намояндагињо ва ќабулгоњњои љамъиятии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 2923 адад (с.2017 – 3293) мурољиатњо ба ќайд гирифта шудааст, ки аз онњо мурољиатњои хаттї 632 адад (с. 2017 – 487) ва мурољиатњои шифоњї 2291 адад (с.2017 – 2806)-ро ташкил медињанд

Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.

Дар соли 2018 аз буљети давлатї барои маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 1 601 135 сомонї људо шудааст:

·         барои Дастгоњи марказии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон – 1 514 795 сомонї;

·         барои намояндагињои Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар ВМКБ ва вилоятњои Суѓду Хатлон – 86 540 сомонї.

Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.

Соли 2018 барои маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 376 507 сомонї маблаѓњои грантї љалб гардидааст.

Сарчашма: Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, саҳ. 50.